Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи аз вазифаи сардори раёсати амалиётии Сарситоди Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани полковники гвардия Қурбонзода Т.Н.

№29 (4769) 04.03.2024

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

Полковники гвардия Қурбонзода Тоҷиддин Назар бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи сардори раёсати амалиётии Сарситоди Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН

ш. Душанбе, 29 феврали соли 2024, №771