Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи аз вазифаи сардори Сарситод-муовини аввали Фармондеҳи Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани генерал-майори гвардия Ализода Ҷ.Ҷ.

№29 (4769) 04.03.2024

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

Генерал-майори гвардия Ализода Ҷонибек Ҷурабек бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи сардори Сарситод — муовини аввали Фармондеҳи Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН

ш. Душанбе, 29 феврали соли 2024, №764