Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи аз вазифаи судяи суди шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон озод намудани Алимзода Ҳ.А.

№72 (4812) 07.06.2024

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

Алимзода Ҳанифа Акбар бинобар содир намудани кирдоре, ки шаъну эътибори судяро паст мезанад, аз вазифаи судяи суди шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон озод карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
3 июни соли 2024
№834