Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи аз вазифаи вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Олимзода Н. Х.

№57 (4163) 09.05.2020

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

1. Олимзода Насим Хоҷа бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.

2. Фармони мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.

 

 

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон            Эмомалӣ РАҲМОН

ш. Душанбе, 5 майи соли 2020, № 1528