Мутобиқи моддаи 52 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
Иҷлосияи ғайринавбатии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум 24 январи соли 2020 дар шаҳри Душанбе даъват карда шавад.
Ба баррасии Иҷлосияи ғайринавбатии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум масъалаҳои зерин пешниҳод карда шаванд:
1. Дар бораи додани ризояти Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои озод ва таъин намудани прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон
2. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хусусигардонии моликияти давлатӣ».
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 23 январи соли 2020, № 1417