Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
Мирзо Хуршед Файзуллозода директори Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 16 январи соли 2024, №685
МИРЗО Хуршед Файзуллозода
аз 27 апрели соли 2021 дар мансаби Муовини якуми Раиси Кумитаи давлатии сармоягузори ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон кор мекунад
Соли таваллуд 17 январи соли 1984 Ҷои таваллуд ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ
Миллат тоҷик Таҳсилот олӣ
Соли 2007 Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистонро (рӯзона) ва Академияи хоҷагии халқ ва хизматчиёни давлатии назди Президенти Федератсияи Россияро (ғоибона) хатм кардааст
Ихтисос иқтисодчӣ
Унвони илмӣ надорад
Кадом забонҳои хориҷиро медонад русӣ, англисӣ
Вакили Маҷлиси вакилони халқ ҳаст ё не не
Бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шудааст ё не не
Вазъи оилавӣ оиладор
Суроға ш. Душанбе, кӯчаи Теҳрон 32, ҳуҷраи 2
Кор ва фаъолияти собиқа:
Солҳои 2004 – 2005- |
Сармуҳосиби ҶДММ «Дӯстӣ», шаҳри Душанбе |
Солҳои 2005 – 2009- |
Директори ҶДММ «Ориён Фарм», шаҳри Душанбе |
Солҳои 2009 – 2012- |
Мутахассис ва сармутахассиси шуъбаи ҳамкориҳо бо мамлакатҳои хориҷии Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе |
Солҳои 2012 –2014- |
Директор оид ба масъалаҳои иқтисодии ҶДММ «Дӯстӣ», шаҳри Душанбе |
Солҳои 2014 –2015- |
Директор оид ба масъалаҳои иқтисодии ҶДММ «Ориён Фарм», шаҳри Душанбе |
Солҳои 2015-2019 |
Директори Муассисаи давлатии телевизиони «Варзиш»-и Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамзамон ноиби аввали Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон, шаҳри Душанбе |
Солҳои 2019-2021 |
Директори генералии КВД «Точикинвест» дар назди Кумитаи давлатии сармоягузори ва идораи амволи давлатӣ |
аз апрели соли 2021 то ҳоло- |
Муовини якуми Раиси Кумитаи давлатии сармоягузори ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон |