Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд таъин намудани Юлдошзода О.

№15 (4755) 31.01.2024

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

Юлдошзода Олимбек иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд таъин карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
30 январи соли 2024
№749

ЮЛДОШЗОДА Олимбек

13аз  8 апрели соли  2022 дар мансаби муовини якуми раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов кор мекунад

Соли таваллуд 22 январи соли 1982           Ҷои таваллуд ноҳияи Б.Ғафуров

Миллат тоҷик                                              Таҳсилот олӣ

соли  2005  Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ва соли 2016 Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемурро  хатм кардааст

Ихтисос ҳуқуқшинос, муҳандис-заминсоз

Унвони илмӣ надорад

Кадом забонҳои хориҷиро медонад русӣ

Вакили Маҷлиси вакилони халқ ҳаст ё не  вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шудааст ё не не

Вазъи оилавӣ оиладор

Суроға шаҳри Хуҷанд, кӯчаи Қори Ниёзӣ, хонаи 38

Кор ва фаъолияти собиқа:

Солҳои 2008-2009 Ҳуқуқшиноси ҶДММ «Меҳроҷ», шаҳри Хуҷанд
06-09 соли 2009 Ҳуқуқшиноси КВД Маркази табобату маслиҳати ва ташхиси вилояти Суғд, шаҳри Хуҷанд
Солҳои 2009-2011 Ҳуқуқшиноси ҶСП «Бозори Суғдиён», шаҳри Хуҷанд
Сольои 2011-2012 Мутахассис-ҳуқуқшиноси КДФ «Заминсоз» дар ноҳияи Б.Ғафуров
Солҳои 2012-2014 Директори КДФ «Заминсоз» дар ноҳияи Б.Ғафуров
Солҳои 2014-2018 Директори КДФ «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул» дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров
Солҳои 2018-2019 Муовини раиси Кумитаи идораи замини вилояти Суғд
Солҳои 2019-2020 Директори муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали вилояти Суғд
Солҳои 2020-2022 Сардори Сарраёсати кишоварзии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд
Аз 8 апрели соли 2022 то ҳоло Муовини якуми раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов