Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Рашт таъин намудани Идизода З.Ф.

№15 (4755) 31.01.2024

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

Идизода Зарина Фузайлшо иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Рашт таъин карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
30 январи соли 2024
№748

ИДИЗОДА Зарина Фузайлшо

 12аз   соли 2020   дар  мансаби  Муовини якуми Раиси ноҳияи Рашт  кор мекард.

Соли таваллуд   2  майи соли 1979          Ҷои таваллуд   ноҳияи Рашт

Миллат   тоҷик                                         Таҳсилот   олӣ

Соли  2000 Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи  Садриддин Айниро (рӯзона) хатм кардааст.

Ихтисос   забон ва адабиёти тоҷик

Унвони илмӣ    надорад

Кадом забонҳои хориҷиро медонад   русӣ

Вакили Маҷлиси вакилони халқ ҳаст ё не   не

Ба мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шудааст ё не   не

Вазъи оилавӣ   оиладор

Кор  ва фаъолияти собиқа:

Солҳои  2000-2009- Омӯзгори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №3, ноҳияи Рашт
Солҳои  2009-2013- Сардори шуъбаи тарбияи Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт
Солҳои  2013-2015- Муовини ректор оид ба корҳои тарбиявии Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт
Солҳои 2015-2016- Сармутахассиси Маркази сифати таҳсилоти Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт
Солҳои 2016-2017- Мудири кафедраи ҷомеашиносии Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт
Солҳои 2017-2019 Мудири маорифи ноҳияи Рашт
Солҳои 2019-2020 Муовини Раиси ноҳияи Рашт
Солҳои 2020-2022 Муовини якуми Раиси ноҳияи Рашт