Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Роштқалъаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таъин намудани Назаршозода Л.

№22 (4128) 18.02.2020

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ­фармон медиҳам:

Назаршозода Лоиқ иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи ­Роштқалъаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таъин карда шавад.

 

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон        Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе, 14 феврали соли 2020, № 1457

 

04nazarshozodaНАЗАРШОЗОДА Лоиқ 29 ноябри соли 1971 дар ноҳияи Роштқалъа таваллуд шудааст.

Миллаташ  тоҷик, маълумоташ  олӣ.

Соли 1999 Донишгоҳи  давлатии миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси иқтисодчӣ хатм кардааст.

Дар вазифаҳои коргари совхози Октябр, муаллими мактаби миёнаи №81, сариқтисодчии Раёсати хоҷагии қишлоқи ноҳияи Роштқалъа, иқтисодчии тавал­лудхонаи №2 шаҳри Душанбе ва сардори Раёсати иқтисод ва дурнамои Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият кардааст.

Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 феврали соли 2020 иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Роштқалъа таъин карда шуд.