Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Шаҳристони вилояти Суғд таъин намудани Ҷалилзода А.

№149 (3943) 15.12.2018

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

Ҷалилзода Ашуралӣ иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Шаҳристони вилояти Суғд таъин карда шавад.

 

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон        Эмомалӣ РАҲМОН

ш. Душанбе, 12 декабри соли 2018, №1164