Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Шаҳритуси вилояти Хатлон таъин намудани Абдуллозода Т.М.

№15 (4755) 31.01.2024

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

Абдуллозода Тағой Маҳкам иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Шаҳритуси вилояти Хатлон таъин карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
30 январи соли 2024
№746

АБДУЛЛОЗОДА  Тағой Махкам

10аз 2 марти соли 2021  дар мансаби   муовини якуми раиси ноҳияи Ёвон  кор мекард.

Соли таваллуд  6 августи соли 1976            Ҷои таваллуд  ноҳияи Ёвон

Миллат  тоҷик                                                 Таҳсилот олӣ

соли  1998   Донишгоҳи  аграрии Тоҷикистон (рӯзона), соли 2006 Донишгоҳи андоз ва ҳуқуқи Тоҷикистонро (ғоибона)   хатм кардааст

Ихтисос    зоотехник, ҳуқуқшинос

Унвони илмӣ    надорад

Кадом забонҳои хориҷиро медонад    русӣ

Вакили Маҷлиси вакилони халқ ҳаст ё не    вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ҷ.Балхӣ

Бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шудааст ё не   не

Вазъи оилавӣ   оиладор

Кор ва фаъолияти собиқа:

Солҳои 1998-2001 Зотпарвари хоҷагии С.Ҷумаеви ноҳияи Ҷ.Балхӣ
Солҳои 2001-2002 Ҷонишини роҳбари хоҷагии С.Ҷумаеви ноҳияи Ҷ.Балхӣ
Соли 2002 (07-11) Мутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси вилоят
Солҳои 2002-2005 Сармутахассиси шуъбаи комплекси агросаноатии вилоят
Солҳои 2005-2012 Муовини сардори Сарраёсати кишоварзии вилоят
Солҳои 2012-2013 Сардори филиали Муассисаҳои давлатии Трести чарогоҳу мелиоративии минтақаи Бохтар
Соли 2013 (03-08) Зоотехники хоҷагии деҳқонии фермерии «Бобои Абдулло» ноҳияи Ҷ.Балхӣ
Солҳои  2013-2014 Мутахассиси пешбари хадамоти назорати давлатии зотпарварии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Солҳои 2014-2015 Мутахассиси шуъбаи иқтисод, молия ва ояндабинии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон
Солҳои 2015-2018 Мутахассиси пешбари шуъбаи иқтисод, молия ва ояндабинии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон
Солҳои 2018-2021 Муовини якуми раиси ноҳияи Ҷ.Балхӣ
аз марти   соли 2021 то ҳол Муовини якуми раиси ноҳияи Ёвон