Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Нораки вилояти Хатлон таъин намудани Шарифӣ Ф.Б.

№15 (4755) 31.01.2024

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

Шарифӣ Фирӯза Бурихонзода иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Нораки вилояти Хатлон таъин карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
30 январи соли 2024
№739

ШАРИФӢ  Фирӯза Бурихонзода

3аз 03 январи соли 2020 дар вазифаи Муовини Раиси вилояти Хатлон кор мекард.

Соли таваллуд   6 октябри соли 1973     Ҷои таваллуд  ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Миллат   тоҷик                                              Маълумот   олӣ

Соли 1995 Донишгоҳи давлати миллии Тоҷикистонро хатм кардааст

Ихтисос   филолог

Кадом забонҳои хориҷиро медонад    русӣ,  англисӣ

Вакили Маҷлиси вакилони халқ ҳаст ё не      не

Бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз   гардонида шудааст ё не   Ифтихорномаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2008

Кор ва фаъолияти собиқа:

 Солҳои 1995 – 1996 Муҳаққиқ – коромӯзи кафедраи забони муосири тоҷики Донишгоҳи давлати миллии Тоҷикистон
Солҳои 1996 – 1999 Аспиранти кафедраи забони муосири тоҷики Донишгоҳи давлати миллии Тоҷикистон
Солҳои 1999 – 2001 Мушовири шӯъбаи маорифи ноҳияи Восеъ
Солҳои 2001 – 2002 Сармутахассиси шӯъбаи кор бо ҷавонони ноҳияи Восеъ
Солҳои 2002 – 2003 Мудири шӯъбаи кор бо занон ва оилаи ноҳияи Восеъ
05-10        соли 2003 Муовини сардори Идораи кор бо ҷавонони вилояти Хатлон
Солҳои  2003 – 2007 Сардори Идораи кор бо ҷавонони вилояти Хатлон
Солҳои 2007 -2013 Сардори Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Хатлон
Молҳои 2013-2016 Мудири шӯъбаи кор бо занони Дастгоҳи КИМ ҲХДТ
Солҳои 2016-2020 Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз моҳи январи соли 2020
то 30 январи соли 2024
Муовини Раиси вилояти Хатлон