Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи командири бригадаи махсуси комендантии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани подполковники гвардия Маҳмадализода Ҳ.И.

№29 (4769) 04.03.2024

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

Подполковники гвардия Маҳмадализода Ҳасан Ибод командири бригадаи махсуси комендантии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН

ш. Душанбе, 29 феврали соли 2024, №783