Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи командири Бригадаи якуми махсуси зудамали Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани полковники гвардия Шамсудинзода Р. С.

№149 (4411) 16.12.2021

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

Полковники гвардия Шамсудинзода Ризвон Саидхӯҷа командири Бригадаи якуми махсуси зудамали Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН

ш. Душанбе, 15 декабри соли 2021, № 304