Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи муовини фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба аслиҳа ва техникаи ҳарбӣ таъйин намудани Тоирзода Д. А.

№27-28 (4767-4768) 29.02.2024

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

Тоирзода Дилшод Амон муовини фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба аслиҳа ва техникаи ҳарбӣ таъйин карда шавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН

ш. Душанбе, 28 феврали соли 2024, № 762