Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи муовини фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба разведка таъин намудани Шоҳвализода Т. С.

№99 (4682) 07.08.2023

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

Шоҳвализода Тоҷиддин Саид муовини фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба разведка таъин карда шавад.

 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН

ш. Душанбе, 7 августи соли 2023, № 609