Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
1. Икромӣ Сироҷиддин Салом муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон таъин карда шавад.
2. Фармони мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 16 январи соли 2024, №683
ИКРОМӢ Сироҷиддин Салом
аз 22 январи соли 2019 дар вазифаи раиси Раёсати Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» кор мекунад
Соли таваллуд 5 январи соли 1972 Ҷойи таваллуд ноҳияи Восеъ
Миллат тоҷик Маълумот олӣ
соли 1997 Донишгоҳи давлатии шаҳри Кӯлоб,
соли 2010 Аспирантураи Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистонро
хатм кардааст
Ихтисос иқтисодчӣ, номзади илмҳои иқтисодӣ
Кадом забонҳои хориҷиро медонад русӣ, узбекӣ, англисӣ бо луғат
Вакили халқ ҳаст ё не не
Бо мукофотҳои ҳукуматӣ сарфароз гардонида шудааст ё не не
Кор ва фаъолияти собиқа:
Солҳои 1988-1990 |
Колхозчии хоҷагии Хоҷа Сартези ноҳияи Восеъ |
Солҳои 1990-1992 |
Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ |
Солҳои 1992-1997 |
Донишҷӯи Донишгоҳи давлатии шаҳри Кӯлоб |
Солҳои 1997-1999 |
Ходими хурди илмии Институти тадқиқотӣ-илмии иқтисодиёт ва ташкили истеҳсолоти хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон дар назди Академияи илмҳои хоҷагии қишлоқ, шаҳри Душанбе |
01-04 соли 1999 |
Нозир-хазинадори шӯъбаи 1341/85-и «Амонатбонк»-и ноҳияи Фрунзеи шаҳри Душанбе |
Солҳои 1999-2002 |
Муовини сармуҳосиб, мудири қисми амалиётӣ, муовини мудири шӯъбаи №04 «Амонатбонк»-и ноҳияи Фрунзеи шаҳри Душанбе |
Солҳои 2002-2003 |
Бозраси калони БДА Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк», шаҳри Душанбе |
Солҳои 2003-2004 |
Сарбозраси идораи назорат ва аудити БДА Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк», шаҳри Душанбе |
Солҳои 2004-2006 |
Сардори Идораи пасандозҳо ва қоғазҳои қиматноки БДА Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк», шаҳри Душанбе |
Солҳои 2001-2002 |
Ҷонишини мудири НВ-04 «Амонатбонк»-и ноҳияи Фрунзе оид ба нафақа, пасандоз ва аудит |
Солҳои 2006-2007 |
Муваққатан иҷрокунандаи вазифаи Сарвари бахши №56 БДА Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк», шаҳри Кӯлоб |
Солҳои 2007-2008 |
Сардори Идораи тарақиёти бонки БДА Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк», шаҳри Душанбе |
Солҳои 2008-2010 |
Сардори Идораи назорат ва аудити дохилибонкии БДА Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» |
Солҳои 2010-2015 |
Муовини Раиси Раёсати Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» |
Солҳои 2015-2019 |
Муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе |
аз январи соли 2019 |
Раиси Раёсати Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» |