Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон таъин намудани Шарифзода Ф.Ҳ.

№9 (4749) 17.01.2024

ШарифзодаМутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

1. Шарифзода Фирӯз Ҳумдин муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон таъин карда шавад.

2. Фармони мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН

ш. Душанбе, 16 январи соли 2024, №682

 

ШАРИФЗОДА Фируз Ҳумдин

аз 17 августи  соли 2022 дар вазифаи  Муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон  кор мекунад

Соли таваллуд  23 майи соли 1984

Ҷои таваллуд ноҳияи Ёвон

Миллат тоҷик

Таҳсилот  олӣ

Cоли 2005 Академияи иқтисодии Россия ба номи Г.В.Плехановро хатм кардааст

Ихтисос иқтисодҷӣ

Унвони илмӣ надорад

Кадом забонҳои хориҷиро медонад русӣ

Вакили Маҷлиси вакилони халқ ҳаст ё не не

Бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шудааст ё не

бо медали Хизмати шоиста соли 2021 сарфароз гардонида шудааст

Вазъи оилавӣ оиладор

                                         Кор ва фаъолияти собиқа:

Солҳои 2005-2010

иқтисодчии дараҷаи II, иқтисодчии дараҷаи I шуъбаи  назорати ташкилотҳои молиявии ғайрибонкии идораи назорати бонкӣ ва иҷозатномадиҳии Бонки миллии Тоҷикистон

Солҳои 2010-2014

бозраси пешбари шуъбаи бозрасии департаменти назорати бонкии Бонки миллии Тоҷикистон

Солҳои 2014-2015

муовини сардори шуъбаи бозрасии департаменти назорати бонкии Бонки миллии Тоҷикистон

Солҳои 2015-2016

сардори идораи бозрасии дуввуми департаменти назорати бонкии Бонки миллии Тоҷикистон

 Солҳои 2016-2017

муовини  директори департамент — сардори    идораи таҳлил ва  иҷозатномадиҳии   департаменти    назорати бонкии Бонки миллии Тоҷикистон

Солҳои  2017– 2019

муовини  директори департаменти    назорати  бонкии Бонки миллии Тоҷикистон

Солҳои 2019 — 2020

сараудитор-директори департаменти аудити дохилии Бонки миллии Тоҷикистон

Солҳои 2020-2022

директори департаменти назорати бонкии Бонки миллии Тоҷикистон

аз  августи соли 2022
то 16 январи соли 2024

Муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон