Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
1. Холиқзода Ҳоким Ҳикматулло муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.
2. Фармони мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 16 январи соли 2024, №680
ХОЛИҚЗОДА Ҳоким Ҳикматулло
аз 20 ноябри соли 2020 дар мансаби Раиси Бонки миллии Тоҷикистон кор мекунад.
Соли таваллуд: 27 июли соли 1973
Ҷойи таваллуд: ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Миллат: тоҷик
Маълумот: олӣ
Соли 1999 Техникуми молиявӣ-иқтисодии шаҳри Душанбе, соли 2004 Донишкадаи андоз ва ҳуқуқ, соли 2013 Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва соли 2014 академияи хоҷагии халқ ва хизмати давлатии назди Президенти Федератсияи Россияро хатм кардааст
Ихтисос: муҳосиб, иқтисодчӣ-менеҷмент, иқтисодчӣ, идоракунӣ ва корбарии кадрҳо
Кадом забонҳои хориҷиро медонад: русӣ, англисӣ
Вакили халқ ҳаст ё не: Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (солҳои 2015-2020)
Бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шудааст ё не: не
Кор ва фаъолияти собиқа:
08 то 10 соли 1998 |
Хазинадор оиди ҳисоби пул дар идораи амалиёти Амонатбонк, шаҳри Душанбе |
Солҳои 1998-1999 |
Хазинадори идораи амалиёти асъори ҳисоббаробар-кунии Амонатбонк, шаҳри Душанбе |
Солҳои 1999-2003 |
Муҳосиби калон оиди хизматрасонии ташкилотҳои ҳуқуқӣ дар идораи амалиётҳои Амонатбонк, шаҳри Душанбе |
Солҳои 2003-2005 |
Муовини сармуҳосиби идораи амалиётҳои Амонат-бонк, шаҳри Душанбе |
Аз 03 то 07.2005 |
Иҷрокунандаи вазифаи сардори идораи амалиёти Амонатбонк, шаҳри Душанбе |
Солҳои 2005-2009 |
Сардори идораи амалиёти Амонатбонк, ш.Душанбе |
Солҳои 2009-2015 |
Директории Департаменти хазинадории Раёсати Амонатбонк, шаҳри Душанбе |
Солҳои 2015-2020 |
Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе |
03-06 соли 2020 |
Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе |
06-11 соли 2020 |
Муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон |
аз ноябри соли 2020 |
Раиси Бонки миллии Тоҷикистон |