Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи муовини якуми вазири мудофиа – сардори Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Саидзода Б.А.

№№11 (4907) 24.01.2025

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

Саидзода Бобоҷон Абдуқодир муовини якуми вазири мудофиа – сардори Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН

ш. Душанбе, 23 январи соли 2025, №927