Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи Намояндаи доимӣ ва ваколатдори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди мақомоти расмӣ ва мақомоти дигари Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил таъин намудани Сафарзода Б.А.

№129 (4712) 30.10.2023

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус Сафарзода Бахтовар Амиралӣ ҳамзамон Намояндаи доимӣ ва ваколатдори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди мақомоти расмӣ ва мақомоти дигари Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил таъин карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
27 октябри соли 2023
№642