Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи озод намудани судяҳо

№5 - 6 (4111 - 4112) 09.01.2020

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

1. Ёрмамадзода Нисо Аҳмад аз вазифаи судяи суди ноҳияи Рӯдакӣ, Сайдализода Парвиз аз вазифаи судяи суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бо хоҳиши худашон озод карда шаванд.

2. Ҳоҷизода Саъди Ҳоди аз вазифаи судяи суди ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳи вилояти Суғд бинобар риоя накардани қонун ҳангоми баррасии парвандаҳо озод карда шавад.

 

 

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон          Эмомалӣ РАҲМОН

ш. Душанбе, 8 январи соли 2020, № 1390