Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
1. Зоирзода Мӯътабар Яздонӣ аз вазифаи судяи Суди шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд бо сабаби расидан ба синни ниҳоии дар вазифаи судя будан озод карда шавад.
2. Раҳматзода Тоҷиддин Раҳмат аз вазифаи судяи Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон озод карда шавад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 31 марти соли 2021, № 146