Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи озод намудани судяҳо

№141 (4403) 18.11.2021

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

Ҳайдарзода Зокир Анвар аз вазифаи судяи Суди ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон,

Сатторзода Ҳотамшо Раҷаб аз вазифаи судяи Суди вилояти Суғд бо хоҳиши худашон озод карда шаванд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон     Эмомалӣ РАҲМОН

ш. Душанбе, 17 ноябри соли 2021, № 272