Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
Хайриддинзода Азизбек аз вазифаи раиси Суди иқтисодии вилояти Хатлон,
Одиназода Ҷонфидо Халил аз вазифаи судяи Суди иқтисодии вилояти Хатлон бо сабаби ба кори дигар гузаштан озод карда шаванд.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 13 июли соли 2022, № 412