Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
Мирзозода Рустам Пираҳмад аз вазифаи раиси Суди вилояти Хатлон,
Ёқубзода Абдураҳмон Холдор аз вазифаи раиси Суди шаҳри Бохтари вилояти Хатлон,
Иброҳимзода Шамсиддин Саймудин аз вазифаи муовини якуми раиси Суди ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон,
Ғуломзода Иноятулло Шарифҷон аз вазифаи раиси Суди ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳи вилояти Суғд,
Холиқмуродзода Далер Абдуғаффор аз вазифаи муовини якуми раиси Суди шаҳри Душанбе,
Ҳафиззода Темур Ҷамшед аз вазифаи судяи Суди шаҳри Душанбе,
Шуҳратзода Улуғбек аз вазифаи судяи Суди шаҳри Душанбе,
Маҳмадзода Хуршед Бобохон аз вазифаи муовини раиси Суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе,
Солеҳзода Зарина Тағойназар аз вазифаи муовини якуми раиси Суди ноҳияи Рӯдакӣ бо сабаби ба кори дигар гузаштан озод карда шаванд.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 13 июли соли 2022, № 411