Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи озод намудани судяҳо

№8 (3802) 20.01.2018

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

Искандарзода Дилшод аз вазифаи судяи Суди шаҳри Ҳисор, Холмуродзода Парвиз Холмурод аз вазифаи судяи Суди ноҳияи Рӯдакӣ бинобар риоя накардани қонун ҳангоми баррасии парвандаҳо озод карда шаванд.

 

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон             Эмомалӣ РАҲМОН

ш. Душанбе, 19 январи соли 2018, № 997