Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

№12(3649) 04.02.2017

Дар бораи озод намудани судяҳо

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

Ғоибназар Амирхоҷа аз вазифаи раиси суди иқтисодии вилояти Хатлон, Ҷумъазода Усмоналӣ Шариф аз вазифаи раиси суди шаҳри Истаравшани вилояти Суғд, Асрорзода Ҳакимҷон Тӯйчӣ аз вазифаи муовини раиси суди ноҳияи Ашти вилояти Суғд бо сабаби расидан ба синни ниҳоии дар вазифаи судя будан озод карда шаванд.

Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон   Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе, 3 феврали соли 2017, № 828