Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон таъин намудани Хушвахтзода Қ.Х.

№9 (4749) 17.01.2024

хушвахтзодаМутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон таъин карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
16 январи соли 2024
№684

 ХУШВАХТЗОДА Қобилҷон Хушвахт 

аз 27 январи соли 2020 дар вазифаи ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон кор мекунад

Соли таваллуд 05.06.1982    Ҷойи таваллуд ноҳияи Данғара

Миллат тоҷик                        Таҳсилот олӣ

Соли 2004 Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистонро (рӯзона) хатм  кардааст

Ихтисос иқтисодчӣ

Унвони илмӣ доктори илмҳои иқтисодӣ

Кадом забонҳои хориҷиро медонад  русӣ, англисӣ бо луғат

Вакили  Маҷлиси вакилони халқ ҳаст ё не  не

Бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шудааст ё не  дорандаи Ҷоизаи ба номи И. Сомонӣ, соли 2012

Вазъи оилавӣ  оиладор

Кор ва фаъолияти собиқа:

Солҳои 1999-2004-

Донишҷӯи шуъбаи рӯзонаи факултети  баҳисобгирию иқтисодии Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон

Солҳои 2004-2010-

Ассистенти кафедраи таҳлили иқтисодӣ ва аудити факултети баҳисобгирию иқтисодии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, муаллими калон, номзади илми иқтисодӣ, дотсент

Солҳои 2005-2009-

Муовини декан оид ба корҳои илмӣ ва тарбияи факултети баҳисобгирию иқтисодии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

Солҳои 2009-2013-

Муовини декан оид ба таълим дар шӯъбаи рӯзонаи факултети баҳисобгирию иқтисодии  Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

Солҳои 2012-2013-

И.в.мудири кафедраи таҳлили иқтисодӣ ва аудити факултети баҳисобгирию иқтисодии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

Солҳои 2013-2018-

Мудири кафедраи таҳлили иқтисодӣ ва аудити факултети баҳисобгирию иқтисодии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

Солҳои 2018-2019-

Мудири кафедраи баҳисобгирии бухгалтерии факултети баҳисобгирию иқтисодии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

Аз 27 январи соли 2020
то 16 январи соли 2024

Ректори  Донишгоҳи миллии Тоҷикистон