Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
1. Толибзода Фирдавс Назримад раиси Бонки миллии Тоҷикистон таъин карда шавад.
2. Фармони мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 16 январи соли 2024, №681
ТОЛИБЗОДА Фирдавс Назримад
аз 17 августи соли 2022 дар мансаби муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон кор мекунад.
Соли таваллуд 11 марти соли 1980 Ҷои таваллуд ноҳияи Муминобод Таҳсилот олӣ Миллат тоҷик
Cоли 2003 Донишгоҳи Шарқии Миёназамини Ҷумҳурии Туркии Кипри Шимолӣ
соли 2010 Магистратураи Донишгоҳи Байналхалқии Ҷопонро хатм кардааст
Ихтисос бонкдорӣ ва молия, сиёсати давлатӣ
Унвони илмӣ надорад
Кадом забонҳои хориҷиро медонад русӣ, туркӣ, англисӣ
Вакили Маҷлиси вакилони халқ ҳаст ё не не
Бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шудааст ё не надорад
Вазъи оилавӣ оиладор
Кор ва фаъолияти собиқа:
Соли 2003 (10-11) - |
иқтисодчии дараҷаи II шуъбаи иҷозатномадиҳии Идораи назорати бонкӣ ва иҷозатномадиҳии Бонки миллии Тоҷикистон |
Солҳои 2003-2007 - |
иқтисодчии дараҷаи II, иктисодчии пешбари шуъбаи иҷозатномадиҳӣ ва тадбирҳои имдодии Идораи назорати бонкӣ ва иҷозатномадиҳии Бонки миллии Тоҷикистон |
Солҳои 2007-2009 - |
иктисодчии пешбари шуъбаи таҳлили фаъолияти бонкҳои Идораи назорати бонкӣ ва иҷозатномадиҳии Бонки миллии Тоҷикистон |
Солҳои 2009-2010 - |
таҳсил дар магистратураи Донишгоҳи марказии молиявию иқтисодии Япония шаҳри Токио |
Соли 2010 (11-12) - |
сариқтисодчии шуъбаи назорати ташкилотҳои молиявии ғайрибонкии Идораи назорати бонкӣ ва иҷозатномадиҳии Бонки миллии Тоҷикистон |
Солҳои 2010-2015 - |
сармутахассис, муовини сардори шуъбаи бозрасии дуввуми Департаменти назорати бонкии Бонки миллии Тоҷикистон |
Солҳои 2015-2017 - |
муовини сардори Идораи таҳлил ва иҷозатномадиҳии Департаменти назорати бонкии Бонки миллии Тоҷикистон |
Солҳои 2017-2020 |
сардори Идораи таҳлили бонкҳои Департаменти назорати бонкии Бонки миллии Тоҷикистон |
Солҳои 2020 – 2021 |
муовини директори Департаменти назорати бонкии Бонки миллии Тоҷикистон |
Солҳои 2021-2022 |
муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон |
аз августи соли 2022 |
муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон |