Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи ректори Муассисаи давлатии «Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» таъин намудани Сафарзода Д.Ҷ.

№15 (4755) 31.01.2024

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

Сафарзода Даврон Ҷурахон ректори Муассисаи давлатии «Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» таъин карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
30 январи соли 2024
№737

Сафарзода Даврон Ҷурахон

1аз августи соли 2020 дар вазифаи ноиби якум, ноиби ректор оид ба таълими Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон кор мекард.

Соли таваллуд 6 ноябри соли 1982               Ҷойи таваллуд шаҳри Кӯлоб

Миллат  тоҷик                                                    Таҳсилот олӣ

соли 2006 Донишгоҳи давлатии Кӯлобро (рӯзона) хатм кардааст

Ихтисос: педагогика ва методикаи таълими ибтидоӣ

Унвони илмӣ: номзади илмҳои педагогӣ

Кадом забонҳои хориҷиро медонад русӣ

Вакили Маҷлиси вакилони халқ ҳаст ё не не

Бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шудааст ё не Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон аз 04.09.2020, №2050

Вазъи оилавӣ оиладор

Кор ва фаъолияти собиқа:

Солҳои 2001-2006- Донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб
Солҳои 2006-2010- Ассистенти кафедраи педагогика ва методикаи таълими ибтидоии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб
Солҳои 2010-2012- И.в. ҷонишини декани факултети таҳсилоти ибтидоӣ ва тарбияи ҷисмонӣ оид ба таълими Донишгоҳи давлатии Кӯлоб
Соли 2012 (11-12)- Мутахассиси пешбари шуъбаи таълими Донишгоҳи давлатии Кӯлоб
Солҳои 2012-2013- И.в. сардори раёсати таълими Донишгоҳи давлатии Кӯлоб
Солҳои 2013-2017- Ассистенти кафедраи педагогика ва методикаи  таълими Донишгоҳи давлатии Кӯлоб
Солҳои 2017-2019- Сардори шуъбаи таълими Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Солҳои 2019-2020- Сардори раёсати таълими Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Соли 2020-(05-08)- Сардори раёсати таълими Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Аз августи  соли 2020
то 30 январи соли 2024
Ноиби якум, ноиби ректор оид ба таълими Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон