Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия Раҷабиён Маҳмадалӣ Давлатшо ҳамзамон сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Фаластин таъин карда шавад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 1 апрели соли 2020, № 1514