Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия таъин намудани Гулмаҳмадзода Д. Қ.

№100 (4362) 03.08.2021

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

Гулмаҳмадзода Давлатшоҳ Қурбоналӣ сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия таъин карда шавад.

 

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон                    Эмомалӣ РАҲМОН

ш. Душанбе, 2 августи соли 2021, № 220