Фароҳам сохтани ҳаёти шоистаи наслҳои ояндаи мо аз тариқи андешидани тадбирҳои муштарак имконпазир аст

№129 (3430) 28.09.2015

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон  дар чорабинии сатҳи баланд дар ҳошияи Саммити СММ оид ба мавзӯи «Ҳавасмандгардонии раванди татбиқи амалӣ ва дастёбӣ ба Ҳадафҳои рушди устувор дар соҳаи об»

21754788135_0afddde00c_o

 27 сентябри соли 2015, Иёлоти Муттаҳидаи Америка

Ҷаноби Олӣ, Ян Элиассон — Муовини Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид!

Ҷаноби Олӣ, генерал Прают Чан-Оча — Сарвазири Шоҳигарии Таиланд!

Хонум Хелен Кларк — Маъмури Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид!

Хонумҳо ва ҷанобон!

Қабл аз ҳама, мехостам шуморо ба ифтихори чорабинии сатҳи баланд шодбош гӯям ва барои ширкататон дар мубоҳисаи имрӯза оид ба мавзӯи басо муҳим – «Ҳавасмандгардонии раванди татбиқи амалӣ ва дастёбӣ ба Ҳадафҳои Рушди Устувор дар соҳаи об»  арзи сипос намоям.

Иҷозат диҳед, дар оғоз барои ташкили нишасти имрӯза ба роҳбари Кумитаи Гурӯҳи «Дӯстони об» ва хоса ба намояндагиҳои доимии Финляндия, Таиланд, ҳамчунин ба Барномаи Рушди Созмони Милали Муттаҳид миннатдории худро баён намоям.

Тавре ҳамаи шумо огаҳӣ доред, дар ҷараёни амалисозии Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об — барои ҳаёт» (солҳои 2005 — 2015)  ҷомеаи байналмилалӣ дар мавриди дастёбӣ ба ҳадафҳои дар сатҳи байналмилалӣ мувофиқашудаи соҳаи об, аз ҷумла дар роҳи расидан ба Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола дар арсаи обу беҳдошт, ба пешрафти назаррас ноил гардид. Мо чунин мешуморем, ки ҳамаи ин дастовардҳо ба шарофати қабул кардан ва амалӣ сохтани тарзу услуби нав ва талошҳои ҳамоҳангшуда дар сатҳҳои миллӣ, минтақавӣ ва байналмилалӣ имконпазир гардиданд.

Ҳадафи асосии Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об — барои ҳаёт» (солҳои 2005 — 2015), ки 23 декабри соли 2003 тавассути Қатъномаи Маҷмаи Кулли Созмони Милали Муттаҳид бо ибтикори Тоҷикистон эълон гардидааст, аз мусоидат ба саъю талош барои иҷрои уҳдадориҳои байналмилалӣ дар соҳаи захираҳои об ва беҳдошт то соли 2015 иборат аст. Дар ин раванд рушди ҳамкорӣ дар ҳамаи сатҳҳо дар маркази таваҷҷуҳ буд.

-Даҳсолаи сипаригашта дар бахши об ва берун аз он замони дигаргуниҳои бузург маҳсуб меёбад. Мо беҳшавии ҳамоҳангсозиро дар сиёсати соҳаи об дар сатҳи умумиҷаҳонӣ, ҳам дар чаҳорчӯбаи Созмони Милали Муттаҳид ва ҳам дар миёни давлатҳои аъзо мушоҳида кардем.

Огоҳӣ ва иштироки бештари глобалии ҷомеаи шаҳрвандиро дар ин раванд комёбии бузург метавон гуфт. Дар чаҳорчӯбаи Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об — барои ҳаёт» (солҳои 2005 — 2015) стратегияи дарозмуҳлат ва нақшаи амалиёт дар сатҳи глобалӣ ба тасвиб расид ва муҳимтар аз ҳама, раванди сиёсӣ роҳандозӣ гардид.

Қобили зикр аст, ки Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об — барои ҳаёт» (солҳои 2005 — 2015) ҳамчунин ба беҳсозии амалҳои муштараки ҷонибҳои гуногуни манфиатдор дар миқёси сайёра мусоидат намуд. Он ба ҳамкорию ҳамдастии мақомоти ҳукуматӣ, ҷалб гардидани занон, ҷавонон, доираҳои соҳибкорию илмӣ ба баррасии масъалаҳои об низ такон дод.

Ба ғайр аз ин, сохтору василаҳои марбутае таъсис ёфта буданд, ки фаъолияти онҳо дар ҷараёни Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об — барои ҳаёт» ба такмилу таҳкими ҳамоҳангсозии байниидорӣ равона гардида буд.

Хонумҳо ва ҷанобони муҳтарам!

Ҳукумати Тоҷикистон, яъне кишваре, ки ташаббускори Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об — барои ҳаёт» (солҳои 2005 — 2015) буд, барои татбиқи амаливу бомуваффақонаи чорабиниҳои он дар сатҳҳои миллӣ, минтақавӣ ва глобалӣ силсилаи тадбирҳо андешида буд. Ба ин хотир бо саъю кӯшиши Ҳукумати кишвари мо дар ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид ва созмонҳои дигари байналмилалӣ, дар шаҳри Душанбе чандин чорабиниҳои бузурги байналмилалӣ доир гардиданд.

Дар ин самт, мехоҳам аз Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳамкории минтақавӣ дар ҳавзаи дарёҳои сарҳадгузар (соли 2005, ш. Душанбе), Конфронси байналмилалӣ оид ба кам кардани офатҳои табиии марбут ба об (соли 2008, ш. Душанбе), Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба шарҳи хулосавии миёнамуҳлати фарогири ҷараёни иҷрои Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об — барои ҳаёт» (солҳои 2005-2015) — (соли 2010, ш. Душанбе), Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳамкорӣ дар арсаи об (соли 2013, ш. Душанбе), Конфронси байналмилалии сатҳи баланд доир ба ҷамъбасти раванди татбиқи амалии Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об — барои ҳаёт (солҳои 2005-2015») — (соли 2014, ш. Душанбе) ёдовар шавам.

Илова бар ин, бо ибтикори Тоҷикистон ва тибқи қатъномаҳои марбутаи Маҷмаи Кулли Созмони Милали Муттаҳид бахшида ба тафсири ҷараёни амалисозии Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об — барои ҳаёт» (солҳои 2005 — 2015)  ва ба ифтихори эълон шудани соли 2013 ба ҳайси «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар арсаи об» ва бистумин солгарди эълони Рӯзи байналмилалии захираҳои об дар чаҳорчӯбаи иҷлосияҳои 64-ум (соли 2010), 67-ум (соли 2013) ва 69-уми (соли 2015) Маҷмаи Кулли Созмони Милали Муттаҳид муколамаҳои интерактивии сатҳи баланд доир гашта буданд.

Хонумҳо ва ҷанобон!

Бо вуҷуди пешрафти муассир дар ҷодаи амалисозии Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об — барои ҳаёт» (солҳои 2005 — 2015), камбудиву мушкилоте, ки дар ҷараёни татбиқи амалии он ҷой доштанд, дар паймудани ин роҳ монеаҳои муайян эҷод сохтанд. Аз ҷумла дар баробари комёбиҳои муҳим дар ҳалли масъалаҳои марбут ба Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола оид ба об, мақсаду матлабҳо дар самти беҳдошт ба иҷро нарасиданд. Ҳамзамон бо ин, натиҷаҳои мухталиф дар татбиқи амалии ин ҳадафҳо дар сатҳи минтақаҳо, кишварҳои мутараққӣ ва рӯ ба рушд, шаҳрҳо ва деҳот, кишварҳои доро ва камбизоати аҳолӣ боиси нигаронист.

Имрӯз, чун пештара, дар ҷаҳон тақрибан 750 миллион нафар одамон ба оби тозаи ошомиданӣ ва дуюним миллиард нафар ба шароити асосии беҳдошт дастрасӣ надоранд. Тақрибан як миллиарду сесад миллион нафар одамон аз барқ маҳруманд. Ба ҳисоби миёна ҳар сол офатҳои табиии марбут ба об ба андозаи зиёда аз 60 миллиард доллари амрикоӣ хисороти иқтисодӣ ворид сохта, хушксолӣ ва биёбоншавӣ манбаи воситаҳои зиндагии зиёда аз як миллиарду дусад миллион нафар одамонро дар тамоми ҷаҳон зери хавфу хатар қарор медиҳанд.

Ба ин равандҳо тағйирёбии глобалии иқлим ва вазъи демографӣ, бешубҳа, таъсири ҷиддӣ мерасонад. Мувофиқи арзёбии коршиносон то соли 2050 аҳолии сайёра зиёда аз 9 миллиард нафарро ташкил медиҳад, ки ин ба афзоиши мутаносиби истеъмоли об боис мегардад.

Интизор меравад, ки ба иллати таъсири тағйирёбии иқлим дар ин давра аллакай зиёда аз 50 фоизи аҳолии сайёра ба мушкилии норасоии оби ошомиданӣ дучор меояд.

Чунин вазъ аз ҷомеаи байналмилалӣ талошҳои ҳар чӣ бештари дастаҷамъона ва андешидани тадбирҳои фаврӣ ва дарозмуҳлатро оид ба ҳаллу фасли мушкилоти мавҷуда тақозо дорад.

Маҳз ба ин хотир, дар чаҳорчӯбаи Форуми ҳафтуми умумиҷаҳонии об мо пешниҳод намудем, ки таҳти шиори «Об — баҳри рушди устувор» Даҳсолаи нави байналмилалӣ эълон гардад. Мо итминон дорем, ки даҳсолаи нав василаи муҳими дастёбӣ ба Ҳадафҳои Рушди Устувори марбут ба об хоҳад гашт.

Шубҳае нест, ки даҳсолаи нав пешрафти дар ҷараёни Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об — барои ҳаёт» (солҳои 2005 — 2015) бадастомадаро таҳкиму тавсеа бахшида, барои муттаҳид намудани талошҳои мо оид ба ҳалли масъалаҳои об дар давраи баъд аз соли 2015 заминаи боэътимод хоҳад гузошт.

Дӯстони азиз!

Он донишу таҷрибае, ки дар ҷараёни Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об — барои ҳаёт» андӯхтем, ба мо имкон медиҳанд, ки ба хотири расидан ба тамоми ҳадафҳо дар арсаи об монеаҳои мавҷударо бартараф созем ва масъалаҳои боқимондаро дар доираи рӯзномаи нави рушд дар давраи баъд аз соли 2015 ҳал намоем.

Вобаста ба ин, ибтикори Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба эъломи Даҳсолаи байналмилалии нав асосноку саривақтӣ медонем ва давлатҳои аъзоро даъват мекунем, ки ин ташаббусро дастгирӣ намоянд. Фикр мекунам, ки фароҳам сохтани ҳаёти шоистаи наслҳои ояндаи мо танҳо аз тариқи андешидани тадбирҳои муштарак имконпазир аст.

Аз ин рӯ, ҷонибдории ҳамаҷонибаи ибтикороти мавҷуда барои мусоидат ба иҷрои уҳдадориҳо оид ба об дар сатҳҳои миллӣ, минтақавӣ ва глобалӣ, ҳамчунин ҳамоҳангсозии марбутаи фаъолияти мо дар ин масир аҳамияти аввалиндараҷа дорад.

Дар хотима мехостам бори дигар ба ҳамаи шумо барои алоқамандиатон ба муколама оид ба муайян сохтани иқдомоти минбаъда ҷиҳати ҳалли масъалаҳои идораи устувори захираҳои об ва беҳдошт ба нафъи наслҳои ояндаи мо арзи сипос намоям.

Аз таваҷҷуҳатон сипосгузорам.

www.president.tj