Фаввораҳои назди Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дубора фаъол гардиданд

№112 (3097) 07.09.2013

8

Бегоҳии рӯзи панҷуми сентябри соли 2013 Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба саҳни Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ташриф оварда, фаввораҳои назди онро, ки мавриди тармиму навсозии куллӣ қарор доштанд, дубора ба кор даровард.

Ин кор дар ҳузури шахсиятҳои намоёни кишвар ва намояндагони сершумори аҳли ҷомеаи пойтахт сурат гирифт. Тавре аён гардид, фаввораҳои ин мавзеи зебою дилнишини пойтахт, ки тайи даҳсолаҳо макони дӯстдоштаи сайру тамошои сокинону меҳмонони Душанбешаҳри ҷавон буду ҳаст, пас аз навсозӣ бо технологияи муосири компютерӣ идора мешавад. Фаввораҳо акнун бо мусиқиҳои гуногун ҳамоҳанг шуда, ҳаракатҳои мавзун доранд. Ба таври дигар гӯем, акнун инҳо  фаввораҳои рақскунанда гардидаанд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва мардуми ба ин муносибат ҷамъшуда чанд лаҳза ҳаракатҳои зебои фаввораҳоро, ки бо  ҳамоҳангии дақиқ бо мусиқӣ ҷараён мегирад, тамошо карда, ҳаловат бурданд.

Иншооти сершуморе, ки тайи ду рӯз дар шаҳри Душанбе бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо қариб сеюним ҳазор ҷойи корӣ мавриди истифода қарор гирифтанд, туҳфаҳои арзандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба сокинон ва меҳмонони пойтахт дар арафаи солгарди 22- юми Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон мебошад.

9