Форуми байналмилалии соҳибкорон дар шаҳри Душанбе

№125 (3919) 16.10.2018

15 октябри соли равон дар Маҷмааи давлатии «Кохи Борбад» ба ифтихори таҷлили чорумин солгарди ҷашни «Рӯзи соҳибкорон» таҳти сарпарастии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон Форуми байналмилалии соҳибкории Душанбе — 2018 таҳти унвони «Рушди соҳибкорию сармоягузорӣ ва раванд­ҳои муосири иқтисодӣ» баргузор гардид, ки дар он намояндагони мақомоти қонунгузории кишвар, аъзои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони марказҳои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ, намояндагони воломақоми созмонҳои байналмилалии молиявӣ, корпусҳои дипломатӣ, шарикони рушди муқими Тоҷикистон, соҳибкорони бурунмарзӣ (диаспораҳо), сармоягузорони ватаниву хориҷӣ, намояндагони ширкатҳо аз 21 кишвари олам ва соҳибкорони ватанӣ, дар маҷмӯъ зиёда аз 2000 нафар иштирок намуданд.

Қабл аз оғоз «Намоишгоҳи молу маҳсулоти соҳибкорони ватанӣ» баргузор шуд, ки дар он зиёда аз 50 нафар истеҳсолкунанда молу маҳсулот манзур гардониданд.

Маросими расмии форум бо сухани ифтитоҳии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оғоз ёфт, ки зимни он ҷанбаҳои муҳимтарини соҳаи иқтисодиёти кишвар, аз ҷумла, рушди соҳибкорию сармоягузорӣ ва равандҳои муосири иқтисодӣ дар марҳилаи ҷаҳонишавии иқтисодиёт, рушди иқтисодиёти рақамӣ бо истифодаи технологияҳои иттилоотию инноватсионӣ, зарурати саъю кӯшишҳои бештари якҷояи ҷомеаи ҷаҳонӣ баҳри истифодаи оқилонаи имконият ва захираҳои мавҷуда, нақши равандҳои муосири иқтисодӣ дар баланд бардоштани самаранокии натиҷаҳои фаъолият тавассути таъмини шаффофият, сифат ва тавсеаи номгӯйи молу хизматрасониҳо, дар маҷмӯъ, рушди устувори иқтисодиёти миллӣ, матраҳ гардиданд.

Инчунин, директори минтақавии Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд дар Осиёи Марказӣ ҷаноби Нил Маккейн, президенти Ширкати кореягии «Сеул Мачинери» ҷаноби Вон Ҳии Ким, ҳамоҳангсози доимии Созмони Милали Муттаҳид, роҳбари Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон хонум Пратибҳа Меҳта, ноиби президенти Ширкати фаронсавии «Файвс Груп» ҷаноби Жан Франсуа Легран ва директори минтақавии Корпоратсияи Байналмилалии Молиявӣ дар Тоҷикистон хонум Кассандра Колберт баромад намуда, изҳори итминон карданд, ки натиҷаҳои форум, мувофиқаҳои бадастомада ва созишномаҳои дар доираи он баимзорасида ба таҳкими заминаҳои асосии муносибатҳои мутақобилан судманди иқтисодию тиҷоратӣ, таъмини рушди иқтисодӣ ва баланд бардош­тани сатҳи некуаҳволии мардуми Тоҷикис­тон ва минтақа, инчунин, қавӣ гардонидани иродаи ҳамбастагӣ дар самти истифодаи якҷоя ва самараноки имкониятҳо мусоидат хоҳанд кард.

Дар фарҷом Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҷлили чорумин солгарди «Рӯзи соҳибкорон»-ро барои соҳибкорон муборакбод гуфта, ба аҳли нишаст фаъолияти пурсамар ва барору комёбиҳо орзу намуданд.

www.president.tj