13 июли соли 2021 дар Маҷмааи давлатии «Қасри миллат»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай Дабири кулли СҲШ Владимир Норовро ба ҳузур пазируфтанд.
Дар ҷараёни мулоқот рӯзномаи кори ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои СҲШ ва омодагӣ ба ҷаласаи ҷашнии Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дар Душанбе мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид карданд, ки Тоҷикистон ҳамчун раиси амалкунанда дар СҲШ вазифаҳои худро мутобиқи афзалиятҳои зикршуда пайваста иҷро мекунад.
Таъкид гардид, ки ҳадаф аз иҷрои вазифаҳо ва амалисозии тадбирҳои қаблӣ рушди минбаъдаи Созмони ҳамкории Шанхай ва истифодаи пурраи имконоти он мебошад.
Дар мулоқот ҳамкории кишварҳои аъзои СҲШ оид ба таъмини амнияти минтақавӣ, вазъи мураккаби сиёсӣ дар Афғонистон, пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади давлатии Тоҷикистон бо кишвари ҳамсоя, муборизаи муштарак бар зидди таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир — терроризму экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, ҷиноятҳои киберӣ ва ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ баррасӣ шуд.
Таъкид гардид, ки Созмони ҳамкории Шанхайро лозим аст, ки дар самти амният бо Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, Маркази зиддитеррористии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва сохторҳои махсуси Созмони Милали Муттаҳид ҳамкории амалӣ барқарор намояд.
Зимни мулоқот вобаста ба вазъи феълӣ ва дурнамои муносиботи Тоҷикистон бо давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай, таҳкими робитаҳо дар соҳаҳои иқтисодӣ, энергетика, саноат, ҳамкории байнибонкӣ ва гуманитарӣ, зарур шумурда шуд.
Инчунин, оид ба ҳалли дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳ гуфтугӯи судманд сурат гирифт.