Гуфтугӯи телефонӣ

№124-125 (4386-4387) 05.10.2021

2 октябри соли 2021 бо ташаббуси ҷониби Покистон суҳбати телефонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон ҷаноби муҳтарам Имрон Хон доир гардид.

Зимни он дар идомаи муколамае, ки дар шаҳри Душанбе оғоз ёфта буд, ҷонибҳо масъалаҳои марбут ба амнияти минтақаро баррасӣ намуданд. Ба вазъ дар Афғонистон низ таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардид.

Пешвои миллат таъкид дош­танд, ки вазъи кишвари ҳамсоя ҳамоно дар маркази диққати ҷониби Тоҷикистон қарор дорад, зеро рӯйдодҳое, ки дар он ҷо ба вуқӯъ мепайванданд, ба ҳолати амниятӣ дар минтақа таъсири бевосита мерасонанд.

Вобаста ба ин Сарвари давлат зикр карданд, ки роҳандозии муколамаи васеи неруҳои мухталиф яке аз омилҳои муҳими барқарории сулҳу субот дар он кишвар арзёбӣ мегардад. Бори дигар омодагии ҷониби Тоҷикистон барои ҳамкории созанда бо тарафҳои манфиатдор ба мақсади мусоидат ба ин раванд дар доираи имкониятҳои мавҷуда иброз гардид.

Мувофиқа ба даст омад, ки тамосу машваратҳои ҳар ду кишвар оид ба қазияи Афғонистон дар ҳама сатҳ идома дода шаванд.

Дар рафти суҳбат, ҳамчунин, дар бораи натиҷаҳои сафари расмии Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон ҷаноби муҳтарам Имрон Хон ба Тоҷикистон ва ҷанбаҳои рӯзмарраи ҳамкориҳои Тоҷикистону Покистон мубодилаи афкор сурат гирифт.

www.president.tj