Гуфтугӯйи Пешвои миллат бо Айван Глазенберг

№85-86 (4347-4348) 30.06.2021

 51278185562_022eb8ab81_o29 июни соли 2021 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон президенти Ширкати байналмилалии «Гленкор» (Glencore International AG) Айван Глазенбергро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар ҷараёни мулоқот ҳолати кунунӣ ва дурнамои робитаҳои тиҷоратӣ, иқтисодию сармоягузории Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ карда шуд.

Таъкид гардид, ки дар Тоҷикис­тон беш аз 25 ширкати швейтсариягӣ ё ширкатҳои муштарак бо иштироки сармоягузорони Швейтсария дар бахшҳои гуногуни иқтисоди Тоҷикистон фаъолият мекунанд ва шарикии самараноки Ширкати байналмилалии «Гленкор» бо «ТАЛКО» дар соҳаи истеҳсоли алюминий намунаи хуби чунин ҳамкорӣ мебошад. Ҳаҷми умумии гардиши тиҷорат миёни ҳар ду ширкат танҳо дар панҷ соли охир беш аз як миллиард долларро ташкил дод.

Дар мулоқот масъалаҳои нав­созии технологии Ширкати алюминийи тоҷик, коркарди пурраи алюминийи аввалия, ба роҳ мондани истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ ва афзоиш додани иқтидори истеҳсолии Ширкати алюминийи тоҷик то як миллион тонна мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Ҳамчунин, имконияти ҳамкорӣ дар самти татбиқи лоиҳаҳои коркард то ҳолати ниҳоӣ дар конҳои маъдани тилло, нуқра, сурмаву руҳи Тоҷикистон ва сармоягузории Ширкати байналмилалии «Гленкор» ҷиҳати бунёди корхонаи металлургӣ баррасӣ гардид.

www.president.tj