Гуфтугӯйи телефонӣ

№143-144 (3128-3129) 12.11.2013

Ҳаштуми ноябри соли 2013 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин суҳбати телефонӣ анҷом дод.

Владимир Путин Эмомалӣ Раҳмонро бо пирузӣ дар интихоботи шаффофу демократӣ табрику муборакбод намуда, изҳори умеду боварӣ кард, ки дар оянда муносибатҳои бисёрҷонибаи ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия рушду гусатариш меёбанд ва татбиқи созишномаҳои байнидавлатӣ ба манфиати мардумони ду кишвар хизмат хоҳанд кард.

Владимир Путин зимни гуфтугӯйи телефонӣ аз сатҳи ҳамкорӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, таъкид дошт, ки мардуми Тоҷикистон бо интихоби Эмомалӣ Раҳмон барои ояндаи дурахшону шукуфонии давлати соҳибистиқлоли худ асоси воқеӣ гузошт.

Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин изҳор дошт, ки ғалабаи комил дар интихобот нишонаи эътимоди қавии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Эмомалӣ Раҳмон ва хизматҳои арзандаи ӯ дар рушди мамлакат, аз ҷумла дар бахшҳои иҷтимоӣ ва иқтисодӣ мебошад.

***

Ҳаштуми ноябри соли 2013 ҳамчунин миёни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ҳомид Карзай суҳбати телефонӣ баргузор гардид.

Президенти кишвари ба мо дӯсту ҳамсоя Ҳомид Карзай Эмомалӣ Раҳмонро дар иртибот ба пирӯзӣ дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният гуфта, аз номи мардуми шарифи кишвари Афғонистон ба роҳбари тозаинтихоби Тоҷикистон саломатии бардавом ва барору комёбӣ таманно намуд.

Ҳомид Карзай изҳори эътимоду боварӣ намуд, ки дар ин марҳилаи таърихие, ки дар раёсати давлатдории тоҷикон Эмомалӣ Раҳмон қарор мегирад, муносиботи дӯстиву иртиботи ҳасанаи ду кишвар раванди тоза ва ҷилои нав касб мекунанд.

www.president.tj