Суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар нишасти матбуотӣ пас аз музокирот бо Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Сайид Иброҳим Раисӣ
шаҳри Душанбе, 18 сентябри соли 2021
Муҳтарам намояндагони воситаҳои ахбори омма!
Хонумҳо ва ҷанобон!
Қабл аз ҳама, бори дигар Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон, Ҷаноби Олӣ Сайид Иброҳим Раисиро ба Тоҷикистон хайра мақдам мегӯям. Инчунин, Ҷаноби Олиро ба муносибати интихоб шуданашон ба маснади олии Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон табрик гуфта, аз сафари нахустинашон дар ин маснади олӣ, ки ба Тоҷикистон анҷом додаанд, изҳори қаноатмандӣ менамоям.
Имрӯз, тибқи барномаи сафари расмӣ, мо дар фазои дӯстона ва ҳусни тафоҳум мулоқоту музокироти сермаҳсулро анҷом додем. Зимни суҳбат мо масъалаҳои асосии муносибат ва ҳамкориҳои Тоҷикистону Эронро баррасӣ намудем. Итминон дорем, ки бастаи нави санадҳои ҳамкорӣ, ки имрӯз ба имзо расиданд, барои тақвияти минбаъдаи муносибатҳои ҳар ду кишвар заминаи боз ҳам мусоид фароҳам меоваранд.
Таъкид гардид, ки мардумони мо дорои арзишҳои муштарак ва безаволи таърихӣ, маънавию фарҳангӣ мебошанд. Изҳори итминон намудем, ки ин муштаракот заминаи мусоид барои рушди минбаъдаи муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои судманд мебошанд.
Мо ҷонибдории худро аз тақвияти муколамаи созандаи сиёсии байни ҳар ду давлат дар сатҳҳои гуногун ва тавсеаи минбаъдаи онҳо, ки дар раванди ташаккули фазои ҳусни тафоҳум ва эҷоди эътимод нақши муҳим доранд, изҳор намудем.
Мо хоҳони густариши ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ ҳастем ва зарурати талошҳои бештари сохторҳои соҳавиро ҷиҳати беҳбуди муомилоти тиҷоратии дуҷониба таъкид намудем.
Ба мақсади расидан ба ин ҳадафҳо пешниҳод намудем, ки ҷонибҳо «Барномаи дарозмуддати ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ байни Тоҷикистон ва Эронро то соли 2030» омода намуда, ба имзо расонанд.
Ҳамчунин, нақши Комиссияи муштараки ҳамкориҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ, техникӣ ва фарҳангиро дар раванди таҳкими робитаҳои иқтисодӣ ва тиҷоратӣ муҳим арзёбӣ гардид.
Ҳамчунин, фаъол гардонидани робитаҳои доираҳои соҳибкории ҳар ду кишварро дар соҳаҳои тиҷорат ва сармоягузорӣ мувофиқи мақсад донистем.
Рушди инфрасохтор ва пайвасти шабакаҳои нақлиётӣ дар роҳи тавсеаи ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ, афзоиши табодули мол ва тамосҳои башарӣ муҳим дониста шуд.
Кишвари мо ҷонибдории худро барои идомаи татбиқи тадбирҳо барои беҳбуди шароити мавҷудаи нақлиётӣ ва бунёди роҳҳои заминӣ, оҳан ва пайвасти онҳо бо бандарҳои обии Эрон иброз намуд. Дар ин замина, мо алоқамандии худро барои тақвияти ҳамкорӣ байни сохторҳои дахлдори ҳар ду кишвар ҷиҳати истифодаи имконоти бандарҳои Чобаҳор ва Бандар-Аббоси Ҷумҳурии Исломии Эрон барои ҳамлу нақли молҳо қайд кардем.
Мо густариши ҳамкориҳои фарҳангӣ ва илмӣ миёни Тоҷикистону Эронро амри табиӣ донистем. Дар ин замина ташаккули заминаҳои ҳуқуқӣ ва қарордодиро барои рушди сайёҳӣ зарур шуморидем.
Ҳамчунин, андешидани чораҳои заруриро барои беҳбуди хатсайрҳои ҳавоии мустақиму мунтазам ва низоми сафар байни ҳар ду кишвар тақозои замон донистем.
Мо, бо дарназардошти вазъи ҳассоси имрӯза, муҳим будани ҳамкориҳоро дар соҳаи амният таъкид намудем. Дар ин зимн, вазъи нигаронкунандаи Афғонистони ҳамҷавор дар маркази таваҷҷуҳи мо қарор дошт.
Мо хоҳони истиқрори ҳар чӣ зудтари сулҳу суботи комил дар он кишвар, ки омили муҳими таъмини амният дар минтақа мебошад, ҳастем. Кишвари мо омодагии худро барои мусоидат ба ин раванд таъкид намуд.
Ҳамзамон бо ин, мо таъсиси ҳукумати ҳамашумул ва фарогири манфиатҳои ҳамаи гурӯҳҳои иҷтимоӣ ва қавму миллатҳои сокини Афғонистонро омили калидии истиқрори сулҳу суботи пойдор дар Афғонистон донистем.
Мавриди зикр аст, ки дар музокироти дирӯза бо ҷониби Покистон мо таъкид бар он кардем, ки дар ҳукумати фарогир тоҷикон ва дигар қавмҳо бояд ҷойгоҳи шоиста дошта бошанд.
Зимнан, итминон ҳосил гардид, ки сулҳу суботро дар Афғонистон метавон фақат бо ҳамин роҳ таъмин кард.
Инчунин, ҳар чӣ тезтар аз байн бурдани низоъ ва ташаннуҷ дар вилояти Панҷшер тавассути эълон кардани оташбас ва кушодани роҳҳо барои расонидани кумакҳои башардӯстона ба мардуми ин минтақа аз вазифаҳои муҳимтарини имрӯза дониста шуданд.
Дар ин замина мо ба мувофиқа расидем, ки тамоми кӯшишҳои худро ҷиҳати расидан ба ин ҳадафҳо сафарбар намуда, ба баргузории музокирот байни тоҷикон ва «Толибон» дар шаҳри Душанбе мусоидат намоем.
Мо бар онем, ки дар пешбурди ин раванд Созмони Милали Муттаҳид бояд нақши калидӣ дошта бошад.
Риояи манфиатҳои ҳама қавму миллатҳои сокини Афғонистон, раъйи тамоми мардуми мамлакат, эҳтирому эътирофи ҳуқуқи шаҳрвандон дар доираи меъёрҳои пазируфташудаи байналмилалӣ амри зарурист. Бар ин назарем, ки маҳз чунин муносибат метавонад ба барқарории сулҳу субот дар Афғонистон мусоидати ҷиддӣ намояд.
Мо — Тоҷикистону Эрон ба ҳайси ҳамсояҳои ҳамзабону ҳамфарҳанг беш аз дигарон ба амнияти Афғонистон манфиатдорем.
Боз ҳам таъкид карданиам, ки афзоиши хушунат ва даргириҳо дар Афғонистон бо миқёси солҳои 90-уми асри гузашта метавонад боиси сар задани фалокати башарӣ дар ин кишвар ва боз ҳам сангинтар шудани зиндагии сокинони он, ҳамчунин, ба ҳайси маркази терроризми байналмилалӣ боқӣ мондани қаламрави ин мамлакат гардад.
Нооромӣ дар Афғонистон амнияту суботро дар кишварҳои минтақа ва ҷаҳон ба таври ҷиддӣ халалдор мегардонад.
Ҳозирини гиромӣ!
Мо аз ҳолат ва раванди ҳамкориҳо миёни Тоҷикистон ва Эрон дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ изҳори қаноатмандӣ кардем.
Кишвари мо аз оғози раванди пайвастани Ҷумҳурии Исломии Эрон ба узвияти Созмони ҳамкории Шанхай истиқбол намуд.
Изҳори итминон карда шуд, ки ҳамкориҳои муштараки ҳар ду кишвар дар доираи Созмони ҳамкории Шанхай ба дарёфти роҳҳои нави таҳкими ҳамкории созанда мусоидат хоҳад кард.
Бо дарназардошти мувофиқаҳои имрӯз бадастомада, мо сафари Ҷаноби оқои Раисиро оғози марҳалаи нав дар муносибатҳо миёни ҳар ду кишвари дӯст арзёбӣ менамоем.