19 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими гузоштани санги асос барои бунёди қасри фарҳанг дар маркази ноҳияи Фархор иштирок намуданд.
Тавре гуфта шуд, бинои қасри фарҳанг 3 ошёна буда, барои 700 ҷойи нишаст пешбинӣ шудааст.
Фармоишгари иншооти мазкур Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумуҳурии Тоҷикистон буда, ба маблағи 35 миллион сомонӣ дар доираи тадбирҳои ободониву созандагӣ дар масоҳати 0,65 га. бунёд мегардад.
Корҳои лоиҳакашӣ ва сохтмонии он аз ҷониби мутахасисони ҶСК «САНИИОСП» анҷом дода мешавад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносои бо лоиҳаи бунёди қасри фарҳанг дар ноҳияи Фархор ба масъулин ҷиҳати дар сатҳи баланд анҷом додани корҳои лоиҳакашиву сохтмонӣ дастуру маслиҳатҳои муфид дода, ҷиҳати дар мӯҳлати муайян шуда ба анҷом расонидани корҳои сохтмонӣ вазифадор намуданд.
Гуфта шуд, ки бо бунёди ин иншооти фарҳангӣ шароити фаъолияти аҳли фарҳанги ноҳия боз ҳам беҳтар гардида, бо тарҳи зебояш намои маркази ноҳияро назаррабо мегардонад.