23 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шафати майдони нишони давлатӣ ба сохтмони маҷмааи “Модару кӯдак”, ки дар он беморхонаи марказии ноҳия бо 66 кат ва маркази саломатии ноҳиявӣ ҷойгир карда мешаванд санги асос гузоштанд.
Иншооти мазкур бо мақсади баланд бардоштани сатҳи хизматарсонии тиббӣ ба аҳолӣ дар доираи тадбирҳои ободониву бунёдкорӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд карда мешавад.
Барои бунёду таҷҳизонидани бинои мазкур Бонкии Осиёии рушд 4 миллиону 447 ҳазор, аз ҷумла барои сохтмон 3 миллиону 415 ҳазор доллар (34 миллион сомонӣ) маблағ ҷудо кардаст. Пудратчии лоиҳа Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Иқлими соф” буда, иншооти тиббӣ аз се бахш, ҳар як кадомашон иборат аз се ошёна тарҳрезӣ карда шудааст.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дар муҳлати муайянгардида, ва бо сифати баланд бунёд намудани маҷмааи мазкур ба масъулин дастуру ҳидоятҳои судманд доданд.