Хатти нави интиқоли барқи «Қайроққум — Ашт» дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

№140 (3441) 21.10.2015

баркНимаи дуюми рӯзи 19 октябри соли 2015 сафари кории Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров идома ёфт.

Дар оғози боздид аз ин ноҳия бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар мавзеи Сомғори ноҳияи Бобоҷон Ғафуров хатти нави интиқоли барқи «Қайроққум-Ашт» мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Сохтмони хатти интиқоли барқи 220 кВ «Қайроққум — Ашт» аз тарафи Бонки Рушди Осиё маблағгузорӣ шудааст.

Фармоишгари лоиҳа Маркази иҷрои лоиҳаҳои бахши электроэнергетикаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ширкати саҳомии холдингии кушодаи «Барқи тоҷик» мебошанд. Пудратчӣ ширкати «Калпатару»-и Ҷумҳурии Ҳиндустон аст.

Лоиҳа корҳои сохтмони хатти интиқоли барқи 220 кВ «Қайроққум-Ашт», навсозии зеристгоҳи Қайроққум ва зеристгоҳи барқии 220/110/10 кВ Аштро дар бар гирифта, маблағи умумии он баробар ба 11, 2 миллион доллари амрикоӣ мебошад.

Масофаи умумии хатти нави интиқоли барқи «Қайроққум- Ашт» 74,3 километр буда, бо насби 181 сутунпоя он ноҳияи Аштро бевосита ба ҳалқаи ягонаи энергетикии мамлакат пайваст мекунад.

Мавриди зикр аст, ки хатти нави интиқоли барқи «Қайроққум-Ашт» аз Неругоҳи барқи обии шаҳри Қайроққум тавассути 181 сутунпоя интиқол ёфта, ба сокинони ноҳияи Ашт хизмат мерасонад. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бунёди хатти нави интиқоли барқро ба сокинон ва ҳозирин  муборакбод гуфта, ба бинокорон барои иҷрои ин кори муҳим баҳои баланд дод.

Президенти мамлакат иброз дошт, ки Давлату Ҳукумат тамоми чораҳоро амалӣ менамоянд, то ин ки масъалаи камбуди барқ пурра аз байн бардошта шавад.

Ба андешаи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон он рӯз дур нест, ки бо татбиқи лоиҳаҳои хурду бузурги гидроэнергетикӣ Тоҷикистон ба истиқлолияти комили энергетикӣ мерасад.

Президенти мамлакат мардумро ба истифодаи оқилонаи неруи барқ ҳидоят намуд.

 www.president.tj