30 майи соли 2014 дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Президенти кишвар, Раиси Шӯрои машваратӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи Шӯрои мазкур баргузор шуд. Дар ҷаласа аъзои Шӯрои машваратӣ, масъулини вазорату идораҳо, намояндагони бахши хусусӣ ва шарикони рушд иштирок намуданд.
Зимни оғози ҷаласа Раиси Шӯрои машваратӣ, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон роҳбари нави Котиботи Шӯрои машваратӣ Нуъмон Абдуҷаборов ва аъзои тозаинтихобшудаи Шӯрои машваратӣ аз ҷониби бахши хусусии ватанӣ: роҳбари Ассотсиатсияи агробизнеси Тоҷикистон — Шорауф Шораҳматов, роҳбари Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Мадина ва Ҳамкорон» — Набот Додхудоева ва роҳбари Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Ғаюр» — Акбар Ғуломовро ба ҳозирин муаррифӣ ва ба онҳо фаъолияти пурсамар ва барори кор орзу намуд.
Ба баррасии ҷаласа чор масъала пешниҳод шуд:
- Гузориш оид ба рафти иҷрои қарорҳои Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ;
- Муаррифии натиҷаҳои таҳлил ва лоиҳаи Нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ дар бахши суғурта;
- Натиҷаҳои раванди шомилшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конвенсияи Гаага ё худ Конвенсияи Апостил оид ба бекор намудани легализатсияи ҳуҷҷатҳои расмии хориҷӣ ва ташкили рейтинги кредитии соҳибихтиёрии Тоҷикистон;
- Лоиҳаи рӯзномаи ҷаласаи ояндаи Шӯрои машваратӣ.
Сипас, гузориши котиби масъули Шӯро, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон — Қодири Қосим оид ба натиҷаҳои мониторинги иҷрои қарорҳои Шӯрои машваратӣ шунида шуд. Иттилоъ дода шуд, ки бо қарорҳои дахлдори Ҳукумати ҷумҳурӣ Нақшаҳои чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар бахши туризм ва беҳтар намудани нишондиҳандаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҳисоботи «Пешбурди соҳибкорӣ»-и Бонки Умумиҷаҳонӣ тасдиқ гардиданд, ки барои рушди туризм дар ҷумҳурӣ ва боз ҳам беҳтар шудани фазои сармоягузории мамлакат такон бахшид.
Бо мақсади рушди ҳамаҷонибаи бахши туризм ва иҷрои бандҳои дахлдори протоколи ҷаласаи 12-уми Шӯро вобаста ба рушди туризм дар ҷумҳурӣ аз ҷониби мақомоти марбута корҳои муайян анҷом дода шуданд. Аз ҷумла барои ба талаботи меъёрҳои байналмилалӣ ҷавобгӯй намудани сатҳи хизматрасонӣ дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе аз ҷониби роҳбарияти фурудгоҳ Нақшаи чорабиниҳо оид ба баланд бардоштани дараҷаи хизматрасонӣ ба мусофирон, Одобномаи кормандони фурудгоҳ қабул гардида, корҳо дар самти модернизатсияи таҷҳизоти хизматрасонӣ идома доранд.
Аз ҷониби Хадамоти гумрук низ Нақшаи чорабиниҳо оид ба баланд бардоштани сатҳи хизматрасонии мақомоти гумрук дар фурудгоҳҳои байналмилалии кишвар қабул карда шуд.
Аз ҷониби Вазорати корҳои хориҷӣ равзанаи алоҳида барои хизматрасонии ширкатҳои туристӣ дар Раёсати консулии вазорат таъсис ёфта, фаъолияти ширкатҳои туристиро беҳбудӣ бахшидааст.
Зикр гардид, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ» қабул гардида, айни замон санадҳои зерқонунӣ вобаста ба татбиқи босамари қонуни мазкур таҳия шуда истодаанд.
Вобаста ба мониторинги иҷрои қарорҳои Шӯро узви Шӯро роҳбари Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон Эдуард Ауэр ва намояндаи бахши хусусӣ дар Шӯрои машваратӣ- роҳбари Ширкати «Помир Энерҷӣ»–Далер Ҷумаев андешаронӣ карданд.
Вобаста ба масъалаи дуюми рӯзномаи ҷаласа вазири рушди иқтисод ва савдо — Шариф Раҳимзода суханронӣ намуда, натиҷаҳои фаъолияти гурӯҳи кориро, ки бо супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шӯро Эмомалӣ Раҳмон барои омӯзиш, таҳлил ва пешниҳоди тавсияҳо барои беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ дар бахши суғурта таъсис ёфта буд, муаррифӣ намуд. Аз ҷониби вазири рушди иқтисод ва савдо ба ҷаласаи Шӯро ҳисоботи гурӯҳи корӣ бо тавсияҳои мушаххас барои рушди минбаъдаи бахши суғурта ва лоиҳаи Нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ дар бахши суғурта пешниҳод карда шуданд.
Оид ба масъалаи сеюми рӯзномаи ҷаласа, муовини якуми вазири корҳои хориҷӣ – Озода Раҳмон ва раиси Бонки миллии Тоҷикистон — Абдуҷаббор Ширинов сухан ронда, бобати натиҷаҳои раванди шомилшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конвенсияи Гаага ё худ Конвенсияи Апостил оид ба бекор намудани легализатсияи ҳуҷҷатҳои расмии хориҷӣ ва ташкили рейтинги кредитии соҳибихтиёрии Тоҷикистон гузориш доданд.
Котиби масъули Шӯро – Қодири Қосим, масъалаи беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар бахшҳои саноат, дастгирии истеҳсолкунандагони ватанӣ ва рушди истеҳсолоти миллиро ба аъзои Шӯро пешниҳод намуд, ки он аз ҷониби аъзои он дастгирӣ ёфт.
Дар муҳокимаи масъалаҳои баррасишуда аъзои Шӯро- роҳбари Ассотсиатсияи ташкилотҳои маблағгузории хурди Тоҷикистон — Фарҳод Акбаров, Намояндаи доимии Бонки Умумиҷаҳонӣ дар Тоҷикистон — Марша Олив, роҳбари Намояндагии корпоратсияи байналмилалии молиявӣ дар Тоҷикистон– Кристофер Миллер иштирок намуданд.
Дар хотимаи ҷаласа Президенти кишвар, Раиси Шӯрои машваратӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ Эмомалӣ Раҳмон сухан ронда, ба масъулин ва вазорату идораҳо вобаста ба ҳар як масъалаи дар ҷаласа баррасишуда супоришҳои мушаххас дод. Аз ҷумла таъкид гардид, ки роҳҳои амалӣ намудани ислоҳоти муассир дар бахшҳои гуногуни иқтисоди кишвар ва боз ҳам беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ бо ҷалби васеи коршиносону мутахассисони варзида ва худи соҳибкорону истеҳсолкунандагон ҷустуҷӯй карда шавад.
www.president.tj