Иҷлосияи Шӯрои амнияти дастаҷамъии СААД дар шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизис­тон

№145 (4095) 30.11.2019

49137369712_d128f70057_o27 ноябри соли 2019 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади иштирок дар иҷлосияи Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ вориди шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизис­тон шуданд.

Дар Фурудгоҳи байналмилалии «Манас» Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Сарвазири Ҷумҳурии Қирғизистон Муҳаммедкали Абилгазиев истиқбол гирифт.

28 ноябри соли 2019 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон дар иҷлосияи Шӯрои амнияти ­дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ иштирок ва суханронӣ карданд.

Дар он Сарвазири Ҷумҳурии Арманистон Никол Пашинян, Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим Жомарт Токаев, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбой Жеенбеков ва Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин ширкат варзиданд.

Тибқи рӯзнома, дар иҷлосия ­масъалаҳои вобаста ба вазъи минтақа ва ҷаҳон, самтҳои асосии фаъолияти созмон оид ба таъмини амният ва иқтидори мудофиавии кишварҳои аъзо, баррасии самтҳои калидии рушди вазъи сиёсӣ дар ҷаҳон, таҳкими иқтидори СААД, афзоиш ёфтани таҳдиду хатарҳои глобалию минтақавии амниятӣ ва андешидани тадбирҳои муборизаи дастаҷамъӣ бо онҳо, дарёфти роҳҳои амиқи мубориза ба муқобили терроризму экстремизми байналхалқӣ, идеологияи сиёсию динӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва яроқ, ҷиноятҳои киберӣ ва дигар шакл­ҳои ҷиноятҳои трансмиллӣ ва вазъи нигаронкунандаи Афғонистон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки дар ҷаҳони кунунӣ хатару таҳдидҳо ба амнияту суботи давлатҳо, аз ҷумла, дар минтақаи масъулияти Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, афзун гардидааст.

Сарвари давлат изҳор доштанд, ки бо дарназардошти вазъи баамаломада аз давлатҳои аъзои созмон тақвияти бештари ҳамгироӣ дар мубориза бар зидди ин зуҳуроти номатлуби аср тақозо мегардад.

- Соли оянда 75 — солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҷашн гирифта мешавад ва барои таҷлили ин санаи муҳими таърихӣ дар чаҳорчӯби СААД тамоми тадбирро меандешем, — таъкид доштанд Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Дар интиҳо, Изҳороти Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ оид ба такмили ҳамгироӣ ва ҳамкорӣ барои таҳкими амнияти минтақавӣ ва байналхалқӣ, Нақшаи чорабиниҳо оид ба таҷлили 75 — солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941 — 1945, қарори номгӯйи тадбирҳои иловагӣ барои коҳиш додани шиддати вазъ дар назди сарҳади Тоҷикистону Афғонистон ва дигар санадҳои таҳкими ҳамкории сиёсӣ, ҳарбӣ, ҳарбӣ-иқтисодии давлатҳои аъзои СААД, такмили заминаҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва молиявию иқтисодии фаъолияти созмон қабул гардид.

Инчунин, аз ҷониби сарони давлатҳо беш аз 15 қарори Шӯрои амнияти дастаҷамъӣ доир ба ҳамгироии минбаъда дар самтҳои гуногун ба имзо расид.

Сипас, бо иштироки доираи васеи намояндагони воситаҳои ахбори омма нишасти матбуотӣ баргузор гардид, ки дар он доир ба тавофуқоти бадастомада маълумот дода шуд.

www.president.tj