Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ ва аҳамияти таърихии он

№138 (4088) 16.11.2019

«Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олӣ, ки моҳи ноябри соли 1992 дар шаҳри бостонии Хуҷанд баргузор шуд, ба ташкили давлату Ҳукумати нави Тоҷикистон замина гузошт».

Эмомалӣ Раҳмон       

Агар аз нуқтаи назари таҳлилӣ ва муҳимияти масъала бингарем, Ҳукумати имрӯзаи Тоҷикистон дар замони хатари парокандашавии миллат ба сари қудрат омад ва маҳз Иҷлосияи ХVI дар Хуҷанд тавонист Тоҷикистонро аз он буҳрони шадиду ҷиддии ҷанги шаҳрвандӣ берун барорад. Он замон ихтилофот миёни шахсони маъруфи замони шӯравӣ ва иттиҳоди мухолифини исломӣ, зиёиёни миллатгаро ва доираҳои тиҷоративу соҳибкорӣ ба муборизаи гурӯҳҳои минтақавӣ ва маҳаллӣ барои расидан ба ҳокимият табдил ёфт. Аз ҷониби ҳизбҳои мухолифи сиёсӣ эътироф нашудани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, пайи ҳам иваз гардидани раисони Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мақомоти кишварро водор сохтанд, ки зери фишор барои ба эътидол овардани вазъи сиёсӣ интихоботи умумихалқӣ баргузор намоянд. Маъракаи интихобот ба зиддиятҳои нави сиёсиву идеологӣ, мазҳабиву маҳалгароӣ ва қавмиву инфиродӣ боис гардид. Вазъи иҷтимоиву иқтисодии ҷумҳурӣ рӯз ба рӯз бад мешуд ва Тоҷикистон дар вартаи ҳалокату парокандагӣ қарор дошт. Аз ин хотир, бо тасмими раёсати онвақтаи Шӯрои Олӣ Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд, ки дар он авзои сиёсии кишвар баррасӣ ва масъалаҳои мубрами давлатдорӣ ҳаллу фасл гардиданд. Аҳамияти таърихии иҷлосия аз он иборат аст, ки мақомоти фалаҷшудаи ҳокимияти давлатиро аз нав эҳё ва ҷоннок намуд.

Ҳамин тариқ, Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи миллати тоҷик саҳифаи  нав боз кард. Дастгоҳи нави давлатиро, ки омили пешрафту тараққиёти ҷомеа мебошад, рӯи кор овард. Бо гузашти вақт ҳадафҳои дарпешгузоштаи иҷлосия амалӣ шуданд. Муҳимтар аз ҳама, Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Тоҷикис­тон ба талошҳои ғайриконститутсионии мухолифин барои ба даст гирифтани қудрат хотима бахшид.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон соли 1993 Иҷлосияи ХVI — ро рӯйдоди сарнавиштсози миллат номида, таъкид карданд, ки он гардиши куллиеро дар кишвар ба вуҷуд овард. Он, дар қатори дигар дастовардҳои муҳим, сабаби дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун давлати мустақил муаррифӣ ва ба ҳайати СММ дохил гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон шуд.

Истиқлолияти сиёсии Тоҷикистон 9 сентябри соли 1991 расман ­эълон шуда бошад ҳам, амалӣ гардидани он аз Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Тоҷикистон маншаъ мегирад. Соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон чашми камбинону бадхоҳонро, ки аз бухлу ҳасад шаҳрвандонро ба ҳам муқобил гузошта, ҷанги бародаркушро бар дӯши миллат бор карданд, тира сохт. Буҳрони сиёсӣ равшанфикронро водор кард, ки Сарвари нави давлатро интихоб намоянд.

Иҷлосияи таърихии ХVI Шӯрои Олӣ, ки дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд баргузор шуд, боиси ба майдони сиёсат ворид гаштани фарзанди фарзонаи халқ, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон гардид, ки он замон Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуд. Ҳангоми савгандёдкунӣ Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар назди вакилони мардумӣ ваъда доданд, ки «ман корро аз барқарории сулҳу осоиштагӣ ва оромӣ оғоз мекунам» ва ба ваъда вафо карданд. Ба ҷанги бародаркуш хотима бахшида, гурезаҳоро баргардонданд ва сулҳро пойдор намуданд. Дар ҷумҳурӣ ҳаёти осоишта ҳукмрон, барои фаъолияти озоди сокинон, созмонҳо, ҳизбҳои сиёсӣ шароит фароҳам оварда шуд.

Аз ин хотир, иҷлосияи мазкур ҳам барои давлат ва ҳам барои миллат тақдирсоз аст. Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо корсозию кордонӣ ба ҷаҳониён исбот намуданд, ки масъалаҳои мушкилтаринро ҳам метавон бо роҳи сулҳу субот бартараф сохт.

Ба шарофати Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистонро ҷаҳониён, ташкилотҳои байналмилалӣ шинохтанд ва эътироф намуданд.

Бо ҳидояти хирадмандонаи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон халқи Тоҷикистон ҷиҳати эҳтиром гузоштан ба озодӣ, ҳуқуқи инсон ва шаҳрванд, арзишҳои башарӣ, ҳадафи демократисозии ҷомеа, бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва марҳилаи тозаи қонунгузорӣ дар кишвар асос гузошт.

Дар саргаҳи ин ибтикорот қабули Конститутсияи нави мамлакат қарор дорад, ки бори аввал дар таърихи давлатдории тоҷикон аз тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардид. Дар он андӯхтаҳои тамаддуни башарӣ дар робита ба озодии инсон, ҳуқуқи шаҳрванд, ҷомеаи демократии ҳуқуқбунёд ва дунявӣ таҷассуми равшан пайдо намуданд ва аз ин хотир буд, ки санади олӣ ҳамчун ҳуҷҷати раҳнамои давлати комилҳуқуқ аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳон эътироф шуд.

Таърихи кунунии тоҷикон аз ҳар самте, ки ба он нигарем, бо касби истиқлолияти мамлакат пайванд мегирад. Истиқлолият сарманшаи зиндагии имрӯзаи миллати тоҷик аст, ки дар ниҳод ба ҳадафҳои олии миллӣ, таърихӣ ва инсонии мардум асолат бахшид.

Дар Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олӣ санадҳои меъёрии ҳуқуқии муҳим, аз қабили «Дар бораи Парчами давлатии Тоҷикистон», «Дар хусуси тасдиқи Низомномаи Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардиданд ва фаъолияти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси Роҳбари мақоми олии қонунгузори кишвар ва Раёсати олии мамлакат бо тасдиқи ин ду рукни муқаддаси давлати навини тоҷикон ва бо табрикоти гарму ифтихорангези Эмомалӣ Раҳмон оғоз шуд.

Давлати навтаъсис фаъолиятро аз оштии миллӣ, ҷамъоварии силоҳ, афви шаҳрвандон, баргардонидани гурезагон ва таъмини ҳуқуқи инсон шурӯъ намуд.

Дар тӯли бисту ҳашт соли истиқлолият кишвар таҳти роҳбарии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи бунёди ҷомеаи мустақили демократӣ қадамҳои устувор гузошт. Дар ин муддат Тоҷикистон соҳиби Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ гардид. Пояҳо ва рукнҳои асосии давлатдорӣ — арзиши миллӣ, қувваҳои сарҳадиро ба вуҷуд овард ва устувор гардонд. Тоҷикистон ба узвияти созмонҳои бонуфузи байналхалқӣ пазируфта шуд ва бо аксар мамлакатҳои пешрафтаи дунё робитаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ барқарор намуд. Асосҳои сохтори конститутсионӣ ва идоракунии давлат танзим гардиданд, пули миллӣ ба муомилот баромад ва шиносномаи миллӣ эътироф шуд.

Ҳамин тавр, хизмати таърихии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз он иборат аст, ки маҳз ӯ пеши роҳи хатари нобудии кишварро гирифт, оташи ҷанги дохилиро хомӯш намуд, сохтори фалаҷгардидаи ҳокимият, хусусан, мақомоти ҳифзи ҳуқуқро барқарор сохт, артиши миллӣ ва неруҳои сарҳадиро таъсис дода, барои таҳкими ҳокимият ва давлат шароит муҳайё намуд, заминаи сулҳу ваҳдати миллиро матраҳ кард, гурезаҳо ва муҳоҷирони иҷбориро ба Ватан баргардонид, заминаи устувори эъмори ҷомеаи навини Тоҷикистонро гузошт. Ислоҳоти конститутсиониро дар мамлакат амалӣ гардонид, барои ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон заминаҳои ҳуқуқиву сиёсиро фароҳам сохт, сулҳи тоҷиконро ба даст овард, ки барои ҷаҳониён таҷрибаи беназир аст. Ҳамчунин, заминаҳои эҳёи миллиро фароҳам сохт, ба корҳои азими созандагӣ ифтитоҳ бахшид, аҳволи иҷтимоӣ ва иқтисодии мардумро ба куллӣ беҳтар карда, хатари гуруснагиро аз байн бурд, эътибори сиёсии давлатро дар арсаи байналмилалӣ афзуд.

Натиҷаи ҳамин гуна корнамоиҳои Пешвои миллат буд, ки ҳоло Ҷумҳурии Тоҷикистон дар роҳи рушди иқтисодӣ, шукуфоии забону фарҳанг, илму адабиёт чун давлати соҳибистиқлол ҳамроҳ бо ҷомеаи ҷаҳонӣ қадамҳои устувор бардошта, ба сӯйи ояндаи дурахшон раҳсипор аст.

Наргис РАҲМОНОВА, ходими пешбари илмии Институти забон ва адабиёти ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакии АИ ҶТ, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон