«Истиқлолият ва ваҳдати миллӣ ду боли як иқбол ва ду рукни меҳварии фарҳанги давлатдориву давлатсозии мо мебошанд, ки ҳамдигарро неруи тоза ва тақвият мебахшанд.
Бо саодати наслҳои имрӯзу оянда мо соҳиби давлати миллӣ мебошем, ки дар он ваҳдату ягонагӣ ва сулҳу субот побарҷост».
(Аз суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маросими таҷлили 14–умин солгарди Ваҳдати миллӣ, 27 июни соли 2011)
Тавоноӣ ва некбахтии ҳар як миллат ба иттиҳоду Ваҳдати афроди он вобаста мебошад.
Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ваҳдати миллӣ асоси оромиву осудагии халқ, кафолати инкишофи давлат ва муҳимтарин омили рушди ҷомеа мебошад.
Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сулҳу Ваҳдат ва таҳаммулпазирӣ дар табиату хислати мардуми тоҷик ба арзишҳои муқаддасе табдил ёфтааст.
Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҷомеа ба ахбор доир ба фаъолияти мақомоти давлатӣ ва умуман ҳамаи шохаҳои ҳокимият ниёз дорад, ки ин яке аз аслҳои бунёдии ҷомеаи озоди демократист.
Эмомалӣ Раҳмон