Нимаи дуюми рӯзи 17-уми майи соли равон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади идомаи сафари давлатӣ дар Ҷумҳурии Мардумии Чин ва иштирок дар ҳамоиши якуми Саммити “Осиёи Марказӣ-Чин” ба шаҳри Сиан ташриф оварданд.
Дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Сиан Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро намояндагони воломақоми кишвари мизбон гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.
Ба ифтихори меҳмони олиқадр Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ду канори роҳрави қолинии сурх қаровули фахрӣ саф ороста, барномаи рангини фарҳангӣ намоиш дода шуд.
www.prezident.tj