Идомаи сафари давлатии Президенти Туркманистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон

№63 (4646) 12.05.2023

52888712366_a8aeee561b_o11-уми майи соли равон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Туркманис­тон муҳтарам Сердар Бердимуҳаммедов ба мавзеи зебову нотакрори кишвар дар ноҳияи Варзоб ташриф оварданд.

Сарони давлатҳо аз мавзеи Такоб боздид намуда, табиати зебо ва манзараҳои нотакрори ноҳияи Варзобро тамошо карданд.

Сайругашти меҳмони олимақом дар фазои басо гарму самимӣ ва дӯстию бародарӣ ҷараён гирифт.

Тоҷикистон бо сарватҳои табиӣ, бахусус обҳои мусаффо ва меваю сабзавоти шаҳдбораш, кишварест нотакрор.

Сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Сердар Бердимуҳаммедов дар мавзеъҳои зебои ноҳияи Варзоб гаштугузор ва суҳбати озоди дӯстона намуда, аз табиати сабзу ҳавои тозаи Тоҷикистони офтобӣ ҳаловат бурданд.

Мавриди зикр аст, ки меҳмоннавозии анъанавии тоҷикон, ки бо шарофати Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз нав эҳё гаштаву рушд мекунад, аз қадим хусусиятҳои хоси дӯстонаю самимияти баланд дорад.

www.president.tj